Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ки тағйироти навро дар қонун «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» барои вакилони парлумон муаррифӣ мекард, изҳор дошт, ки тағйирот аз ҷумла ба таъиноти роҳбарони филиалҳои бонкҳо, ӯҳдадориҳои роҳбарони бонк ҳам дахл дорад. Ба гуфтаи Раҳимзода, тибқи тағйироти нав минбаъд зимни таъини роҳбарони филиалҳои бонк, ҳатмӣ нест, ки номзад 5 соли таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкдорӣ дошта бошад. Ба қавли ӯ, ин нишондод то 3 сол кам карда шудаст.
Вакилони парлумони Тоҷикистон изҳор медоранд, ки тағйироти нав дар қонун «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» низоми додани қарзҳои бонкиро такмил дода соддатар мегардонад ва ҳамчунин барои боло шудани мавқеи Тоҷикистон дар рейтингҳои молиявӣ ва мувофиқан ҷалби бештари сармоягузориҳо ба кишвар мусоидат мекунад.