Созиши Душанбе ва Тошканд: Парвозҳо январи 2017 оғоз мешаванд
Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, нахустин парвоз дар хатсайри Душанбе-Тошканд моҳи январи соли 2017 амалӣ хоҳад шуд.
Тибқи иттилоияи расмӣ, ки аз қавли Юсуф Раҳмон нашр шудааст, протокол дар ин бора имрӯз, 30-юми ноябр дар Душанбе миёни Тоҷикистону Узбекистон ба имзо расид: “Парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво Йуллари» ба роҳ мемонанд. Парвозҳо ҳафтае ду маротиба аз тариқи хатсайри Душанбе-Тошканд- Душанбе ба роҳ монда мешаванд. Тавассути ин хатсайр ҳамлу нақли мусофирони транзитӣ ва нафароне, ки мехоҳанд ба Ӯзбекистон сафар намоянд, роҳандозӣ мешавад. Дар назар аст, ки дар оянда ҳамлу нақли бор низ ба роҳ монда шавад, зеро ин нуқта дар протокол дарҷ шудааст”.
Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки ҳайати Узбакистон аз фурудгоҳ дидан карда, бо хизматрасониҳо ва имконоти қабули ҳавопаймоҳои гуногун дар Душанбе шинос шуданд.
Қаблан Валерий Тян, мудири кулли “Uzbekistan Airways”, гуфта буд, парвозҳо дар масири Тошканд-Душанбе метавонанд нимаи аввали соли оянда роҳандозӣ шаванд. Оқои Тян гуфт, эҳтимол хатсайри Тошканд-Душанбе ба ҷадвали тобистонии ширкати миллии “Узбекистон ҳаво йулларӣ» ворид гарданд: “Эҳтимол ин парвозҳо ҳатто барвақттар амалӣ шаванд. Тамоми имконот барои ин мавҷуд мебошанд”.
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон низ ахиран гуфт, лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар мавриди парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбакистонро таҳия кардаанд ва он барои мувофиқа пешниҳод шудааст.
Парвозҳо дар масири Тошканд-Душанбе соли 1992 қатъ гардиданд.