Шарҳи мақомоти тоҷик дар бораи тирпаронӣ: Қирғизҳо 16 тир ва тоҷикҳо 3 тир холӣ кардаанд
Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тирпаронии 28-уми ноябр дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод.
Тавре аз идораи марзбонии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, мақомоти тоҷик иттилои ҷониби Қирғизистон дар мавриди тирпаронӣ дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Мин-Оруқи ҷамоати Самаркандики ноҳияи Бодкандро санҷида, муайян намудааст: “Соати 7:20 дақиқа бо вақти маҳаллӣ марзбонҳои тоҷик зимни адои хидмат дар қаламрави Тоҷикистон мушоҳида кардаанд, ки марзбонҳои қирғиз дар қаламравашон мошинеро нигоҳ доштанд. Бо сабабҳои номаълум миёни марзбонҳои қирғиз ва соҳибони мошин нофаҳмӣ сурат гирифтааст ва ронандаи мошин талош кардааст ба қисмати дарунтари Қирғизистон паноҳ барад. Дар натиҷа марзбонҳои қирғиз 16 тир холӣ кардаанд. Дар посух марзбонҳои тоҷик низ се тири огоҳкунанда ба ҳаво холӣ кардаанд”.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар пайи ин қазия касе осеб надид ва ҷонибҳо фавран мулоқот гузаронда, тасмим гирифтанд, ки ҳодиса таҳқиқ шавад. Инчунин намояндагони марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон созиш кардаанд, ки то 10-уми декабр барои сардорони қисмҳои марзбонӣ дар бораи тартиби рафтор дар хатти сарҳад машғулиятҳо гузаронанд.
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, айни ҳол вазъ дар марз муътадил буда, хидмат тибқи реҷаи муқаррарӣ идома дорад.
Қаблан мақомоти марзбонии Қирғизистон дар бораи ин ҳодиса хабар дода, афзуданд, ки нахуст марзбонҳои тоҷик сӯи ҳаво тир холӣ кардаанд.
Акс аз Спутник