Имрӯз, 1-уми декабр дар саросари олам Рӯзи ҷаҳонии ҷилавгирӣ аз AIDS ё СПИД аст.
Зимнан, дар ин рӯз таваҷҷӯҳи ҷомеаъ ба тадбирҳое ҷалб мегардад, ки роҳҳои пешгирӣ аз ин маризиро бозгӯӣ мекунад. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (ВОЗ) низ баёнияеро дар ин робита пахш кардааст, ки дар он гуфта мешавад, теъдоди мубталоён ба маризии СПИД дар кишварҳои аврупоӣ афзоиш ёфтааст. Аз соли 2001 то соли 2010 бемории мазкур дар ин ҷо 250 фоиз зиёд гаштааст.Ба қавли манбаъ, 90 дарсади афзоиши беморӣ ба ду кишвар Русия ва Украина марбут аст.
Дар Тоҷикистон низ афзоиши шумораи беморони СПИД мушоҳида мешавад. Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВИЧ СПИД, шумораи расмии сироятёфтагони ин беморӣ дар шаш моҳи соли 2010 беш аз 500 нафар афзуда, теъдоди умумии онҳо 3400 нафарро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки дар авохири соли 2010 шумораи сироятёфтагон ҳамагӣ 2857 нафарро ташкил медод.