Ҳукуматро чӣ водор кард саҳми андоз дар буҷаро коҳиш диҳад? (ЧАНДРАСОНАӢ)
Ҳукумати Тоҷикистон бори аввал аст, ки тасмим мегирад, вобастагии буҷаро аз андоз коҳиш диҳад. Масъулин мегӯянд, ин иқдом ба хотири дастгирии андозсупорандаҳо гирифта шудааст. Коршиносон иддао доранд, ки ин тасмим метавонад паёмадҳои норӯшан дар пай дошта бошад. Хоса дар кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки манбаҳои иловагии пур кардани буҷаи кишвар хеле маҳдуд аст.
Қаблан Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ (“Total Tax Rate”) бо пахши як гузориш Тоҷикистонро миёни 25 кишвари ҷаҳон, ки андози баландтарин доранд, дар мақоми 3-юм қарор дода буд. Дар гузашта Ҳукумати Тоҷикистон барои он интиқод мешуд, ки ба ҷуз молиёт роҳҳои дигари пур кардани буҷаро ҷустуҷӯ намекунад.
То соли равон зиёда аз 70%-и маблағҳои воридотии буҷавӣ аз ҳисоби андоз таъмин мегардид. Аммо Ҳукумати Тоҷикистон дар лоиҳаи Буҷаи соли 2017 бори нахуст саҳми андоз дар буҷаро то 67% коҳиш дод. Ин ҳам дар ҳоле ки андозаи буҷаи давлатӣ дар Тоҷикистон сол ба сол хислати зиёдшавӣ дорад. Аз ҷумла, буҷаи соли 2017 аз буҷаи соли равон 1,5 млрд. сомонӣ зиёдтар аст.
Коршиносон мегӯянд, коҳиш додани саҳми андоз дар буҷа бидуни тардид хушҳолкунанда аст, вале Ҳукумат бояд рӯшан кунад, ки кадом манбаъҳои дигарро барои пур кардани буҷа пайдо кардааст.
Буҷаи Тоҷикистон аз моҳи марти соли равон то имрӯз бо мушкил пур мешавад. Иқтисодшиносон мегуфтанд, баланд будани андоз соҳибкорӣ дар кишварро буғӣ кардааст ва Ҳукумат бояд ба онҳо сабукӣ диҳад. Аз ҷиҳати дигар, масъулини молияи кишар изҳор доштанд, ин тасмим аз ночорӣ аст, зеро Ҳукумат ба ғайр аз андоз роҳҳои дигари пур кардани буҷаро надорад. Пас, таҳлилгарон суолеро барои андеша вомегузоранд, ки оё Ҳукумат дар соли 2017 манбаъҳои нави пур кардани буҷаро пайдо кардааст?
Абдураҳмон Наҷмиддинов – коршинос оид ба масъалаҳои молияи давлатӣ:
Коҳиши воридоти андоз ба буҷаи кишвар замоне расмият пайдо мекунад, ки ҳамасола дар Тоҷикистон хабарҳо аз қатъи фаъолияти ҳазорҳо нафар аз соҳибкорӣ расонаӣ мешавад. Гуфта мешавад, асли ин ҳолат ба гаронии андозҳо иртибот дорад. Бино ба хабари Радиои Озодӣ танҳо соли гузашта 22 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардааст. Ҳатто ҳолатҳое низ буд, ки чанд соҳибкор аз шаҳри Исфара тиҷорати худро ба Қирғизистон кӯчонданд. Илова бар ин, моҳи октябри соли равон Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон иқрор шуд, ки вазъи ҷамъоварии андоз хуб нест ва соҳибкорон наметавонанд, бақияи қарзи худро пардохт кунанд. Ҷаноби Давлатзода гуфта буд, дар ҳоли ҳозир 30%-и соҳибкорон қудрати пардохти бақияи қарзи худ аз андозро надоранд. Танҳо дар 9 моҳи соли 2016 қарзи соҳибкорону корхонаҳо аз андоз 125 млн. сомонӣ афзоиш ёфт .
То ҳол Ҳукумати Тоҷикистон расман шарҳ надодааст, ки ба кадом хотир даромад аз андозро коҳиш дод. Аммо як масъули Вазорати молия бидуни зикри номаш гуфт, сол аз сол зиёд шудани қарзи андоз ахиран Ҳукуматро маҷбур кард, ки даромади буҷа аз ин самтро коҳиш диҳад.
Ин сару садо ва тасмимҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки дар Тоҷикистон буҳрони иқтисодӣ идома дорад ва буҷаи соли 2017, ҳамчун буҷаи буҳронӣ ном гирифтааст.
Рустам Гулов, коршиноси тоҷик мегӯяд, беҳтарин захира барои пур кардани буҷа ин захираҳои инсонӣ (интеллектуалӣ) мебошад. Ба гуфтаи ӯ, “агар ба мардум имконияти амалигардонии идеяҳояшон дода шавад, яъне бо коррупсия ва хешутаборбозӣ машғул нашавад, сатҳи андозҳоро паст кунад ва шаффофиятро афзун диҳад, пас иқтисодиёт пеш меравад”.
Коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор яке аз тадбирҳои зиддибуҳрониро муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои саноатӣ медонанд, ки маблағгузории ин соҳот метавонад, барои даромади буҷа мусоидат кунад.
Ҷамшед МАЪРУФ
Муллораҷаб ЮСУФЗОДА
Ҳалим ҶЎРАЕВ
Хуршед ФОЗИЛОВ,
махсус барои “Озодагон”