Александр: Маро таҳдид карданд, ки дигар шикоят накунам
Александр Раҳимов, сокини 35-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, дар пайи нашри шикояташ дар сомонаи “Озодагон” аз сӯи масъулини Хадамоти оташнишонии ВКД таҳдид шуд.
Ба гуфтаи Раҳимов, баъди нашри матлаби “Александр: Аз Ҳукумат хоҳиш мекунам, манзили ба номи ман бударо баргардонад (ВИДЕО)”, чанд нафар аз Хадамоти оташнишонӣ наздаш омада, ӯро назди роҳбарашон бурдаанд: “Гуфт, агар як бори дигар чунин гапҳоро мегӯӣ, ҳам туро ва ҳам он одами чоп кардаро маҳкам мекунам”.
Александр Раҳимов афзуд, ба ӯ гуфтаанд, чаро масъалаи манзилашро баъди 10 сол расонаӣ ва онҳоро “подстава” кард: “Ман гуфтам, ки ин корро ҳамин мақомот кардааст, бояд ҷавоб гӯяд”.
Аммо дар ҷавоб ба ӯ гуфтаанд, ки даводав накунад, ки маҳбасаш мекунанд: “Гуфтанд, ки зидди ҳукумату давлат хестаӣ, туро бурда маҳкам кардан даркор. Гуфтанд, ҳар касе, ки ин шикояти туро баровардаст, гӯй, ки хомӯш истад”.
Талоши "Озодагон" барои дарёфти назари масъулини Хадамоти оташнишонӣ то замони нашри ин хабар бенатиҷа буд. Дар сурати дастрас намудан назари онҳо дар ҳамин саҳифа нашр мешавад.
Александр қаблан ба дафтари “Озодагон” омада, шикоят кард, ки манзили ба номи ӯ бударо ба нафари дигар додаанд. “26 июли соли 2006 роҳбари Хадамот маро зан дод ва ба ноҳияи Рӯдакӣ ба кор фиристод. Ба зани ман ваъда доданд, ки баъд аз як ҳафта президент хона медиҳад, аммо ин ваъда иҷро нашуд. Баъдтар фаҳмидам, ки хонае ки ба номи ман буд, бо роҳи шиносбозӣ ба дигар нафар додаанд”-изҳор дошта буд ӯ.