Генерал Дӯстум рақибашро дар бузкашӣ латукӯб кардааст
Абдулрашид Дӯстум, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон, дар ҷараёни мусобиқаи бузкашӣ дар вилояти Ҷузҷон як сокини ин вилоятро латукӯб кардааст.
Ба навиштаи нашрияи “8-и субҳ” генерал Дӯстум пас аз охирин дилгирифтагиаш аз Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон дар вилояти Ҷузҷон ба сар мебарад ва Аҳмад Эшчӣ, як бошандаи ин вилоятро дар ҳузури 5 ҳазор тамошогари мусобиқаи бузкашӣ латукӯб кардааст.
Расонаҳои Афғонистон инчунин навиштаанд, ки Аҳмад Эшчӣ пас аз латукӯб тавассути муҳофизони Дӯстум берун аз майдони бузкашӣ интиқол ёфтааст ва гуфта шудааст, ки ин фард дар гарави муовини аввали Ашраф Ғанӣ қарор дорад.
Лутфуллоҳ Азизӣ, волии Ҷузҷон ин рӯйдодро таъйид карда, гуфтааст, ки дар ҷараёни ин воқеа дар Кобул будааст. Расонаҳои Афғонистон менависанд, Абдулрашид Дӯстум дар ҳошияи қудрат қарор дорад ва танҳо номи муовинати аввалро бо худ дорад.
Аз ин рӯ, бо касоне, ки вайро маломат мекунанд ва ё дар бораи ба ҳошия рондани ӯ сухан мезананд, бархӯрди мушобеҳ мекунад. Аҳмад Эшчӣ яке аз касоне будааст, ки бо Дӯстум ба гунаи тамасхуромез рафтор кардааст.