Пешниҳод барои гирифтани номи миллат аз “Барқи тоҷик”
Хуршеди Атовулло, раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои ҳифзи обрӯи миллат калимаи тоҷик аз номи ширкати “Барқи тоҷик” гирифта шавад.
Раиси Шӯрои ВАО имрӯз, 29-уми ноябр дар сафҳаи фейсбукияш пешниҳод кардааст, ки “ба хотири бадном нашудани миллати тоҷик аз номи ширкати "Барқи точик" калимаи "тоҷик" гирифта шавад”.
Бисёри корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо зикри камбудиҳои зиёди фаъолияти “Барқи тоҷик”, ки ҳатто пойтахтро наметавонад мунтазам бо нерӯ таъмин кунад, аз пешниҳод барои гирифтани калимаи тоҷик аз номи ширкат ҷонибдорӣ кардаанд.
Дар пайи ҳолатҳои зиёди қатъи интиқоли барқ ширкати “Барқи тоҷик” 28-уми ноябр бо пахши як иттилоия аз сокинони пойтахт узр пурсид ва онро ба мушкили техникӣ рабт дод. Ин ширкат иддао дорад, ки нуқсони техникиро бартараф кардааст, аммо сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, қатъи интиқоли барқ дар пойтахт ҳамоно идома дорад.