Қазияи Ёров: Аз бепулию беадвокатӣ то таъхири баррасии шикояти кассатсионӣ
Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии шикояти кассатсионии Бузургмеҳр Ёров, адвокати маҳкумшуда ба 23 соли зиндонро то соли 2017 мутаваққиф кардааст.
Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр имрӯз, 29 ноябр ба “Озодагон” гуфт, баррасии шикояти кассатсионӣ, ки моҳи октябр ба Додгоҳи Олӣ пешниҳод гардид, то соли оянда ба таъхир гузошта шудаст: “Шикоят соли дигар дида мешавад. Ҳоло бо 600 саҳифа протокол шинос шуда истодаанд”.
Манбаъ дар мавриди ду парвандаи нави Бузургмеҳр Ёров, ки бар асоси моддаҳои 350 (беэҳтиромӣ нисбати суд) ва 330 (таҳқири намояндаи ҳокимият) изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик баррасӣ хоҳанд шуд: “Барои парвандаи нави сеюм, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ифтитоҳ шудааст, адвокат надорем. Дигар маблағ надорем. Муфаттиши парванда гуфт, адвокати давлатӣ гирем. Барои адвокати давлатӣ дархост равон шуд, аммо ду ҳафта боз посух нарасидааст. Ягон адвокат розӣ нашуда истодааст, ҳеч кас парвандаро ба уҳда намегирад”.
Ифтитоҳи се парвандаи нав дар ҳолест, ки 6 октябри соли равон Додгоҳи шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёровро барои 23 сол равонаи зиндони низомаш пӯрзур намуд. Бо ҳукми додгоҳ амволи ӯ комилан мусодира шуда, худаш баъди раҳоӣ 5 сол аз ҳаққи кор дар ташкилоту идораҳо маҳрум мегардад.
Баъд аз ин Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Бузургмеҳр Ёров, парвандаҳои дигар бо моддаҳои 350 (беэҳтиромӣ нисбати суд) ва моддаи 330 (таҳқири намояндаи ҳокимият) боз кард. Наздикони Ёров он замон гуфта буданд, ки ин парванда дар пайи баҳси Бузургмеҳр бо айдоркунандаи давлатӣ Рустам Тақдирзода боз шудааст: “Бузургмеҳр зимни сухани ниҳоияш дар бораи бародараш Ҷамшед шеъри “Бародарам”-и Муъмин Қаноатро қироат кард ва айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, дар бораи парвандаи худат суҳбат кун. Дар ҳамин ҳол миёни Бузургмеҳр ва айбдоркунанда баҳс ба миён омад ва ин парванда низ дар пайи он баҳс кушода шудааст”.
Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров санаи 17 октябр аз кушодани парвандаи сеюм алайҳи ӯ ба ба “Озодагон” иттилоъ дода гуфт: “Парванда дар пайи шикояти ду нафар аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ боз шудааст”.
Моддаи 247-қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ буда, он ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду солро пешбинӣ кардааст.