Посухи Душанбе ба президенти "Озодӣ": Бозхонди иҷозатномаҳо ба хабари Раҳмонова рабт надорад
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба изҳороти Том Кент, президенти радиои “Озодӣ” дар мавриди бозхонди иҷозатномаи хабарнигорони ин радио посух дод.
Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ дар пайи нашри хабари “Нигаронӣ ва умеди президенти “Озодӣ” аз мақомоти тоҷик” ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки бозхонди иҷозтномаи 6 хабарнигори радиои “Озодӣ” ба нашри хабар дар бораи мақоми нави Рухшона Раҳмонова, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон рабт надорад: “Таъинот дар ВКХ дар асоси қонун дар бораи ротатсияи хизматчиёни давлатӣ сурат гирифт ва ин ҷои пинҳонкунӣ надорад, ҳамаи тағйирот шаффоф сурат гирифт. Иттилоъ дар ин бора дар бахши сохтори сомонаи расмии ВКХ пешниҳод шудааст. Нашри хабар дар бораи мақоми нави Рухшона Раҳмонова, ки собиқаи кории 10-сола дораду фаъолиятро аз зинаҳои поёнӣ оғоз кардааст, ба бозхонди иҷозатномаи кори хабарнигорони радиои “Озодӣ” рабт надорад”.
Ба суоли “Озодагон”, ки дар бораи далели бозхонди иҷозатномаи кори хабарнигорони “Озодӣ” раҳбарияти Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷӣ гуфт, ин раванди муқаррарии корӣ аст: “Бозхонди иҷозатнома муваққатӣ аст ва ин дар доираи низоми корӣ мебошад. Ин раванди муқаррарӣ мебошад ва эҳтимол чанд муддат пас муҷаввизи кори хабарнигорон бозпас дода мешавад. Ин раванди муқаррарии корӣ аст”.
Ин дар ҳолест, ки Том Кент, президенти радиои “Озодӣ” иқдоми мақомоти тоҷик барои бозхонди иҷозатномаи кори 6 рӯзноманигори ин радиоро мояи нигаронӣ хонда, изҳори умед кардааст, ки мушкил ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.
Тибқи иттилоияи радиои “Озодӣ” Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон "аккредитатсия" ё муҷаввизи кори 6 хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанберо қатъ кард. Масъулони Радиои Озодӣ мегӯянд, ин кор баъди нашри хабар дар бораи мақоми Рухшона Раҳмонова, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Вазорати умури хориҷӣ, дар нимаи дувуми рӯзи 25 ноябр сурат гирифт.
Ба қавли онҳо, ин шаш корманди дафтари радио дар Душанбе нимаи дувуми рӯзи ҷумъа ба вазорат даъват шуда ва "аккредитсия"-ашон гирифта шудааст. Ин кормандон Мирзонабии Холиқзод, Мардони Муҳаммад, Абдулло Ашӯров, Муҳаммадвафо Раҳматов, Амриддин Олимов ва Шодмони Ятим буда, ба хабари мақоми нави духтари президенти Тоҷикистон иртиботе надоштаанд.
Масъулини радиои “Озодӣ” мегӯянд, баъди нашри ин иттилоъ мақомот ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе панҷ дақиқа мӯҳлат додаанд, то хабарро ҳазф кунанд, вагарна муҷаввизи фаъолиятро аз даст хоҳанд дод. Ба иттилои манбаъ "акредитатсияи" журналистон баъди он қатъ карда шуд, ки Радиои Озодӣ "манобеи хабарашро тафтиш карда ва тасмим гирифт, мақоларо нигоҳ дорад".
Том Кент, президенти радиои “Озодӣ” изҳори умед кардааст, ки “қарори қатъи муҷаввизи кормандони Радиои Озодӣ билофосила лағв мегардад”, зеро ба гуфтаи ӯ хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе танҳо изҳороти расмии ҳукумати Амрикоро нашр карда ва аз феҳристи расмии кормандони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон истифода намудаанд.
Радиои Озодӣ мегӯяд, ном ва мақоми духтари раиси ҷумҳур дар рӯйхати расмии кормандони Вазорати умури хориҷӣ дар вебсайти ин ниҳод чоп шуда, манобеи дигар ҳам хабарро тасдиқ карданд.