Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои ҳукумат озими Будапешт шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи додситони кул, вазири умури хориҷӣ ва дигар аъзои воломақоми ҳукумат ба шаҳри Будапешти Маҷористон рафтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 27-уми ноябр барои иштирок дар кори Саммити об озими Будапешт шудааст.
Манбаъ афзуд, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.