Иттифоқи истеъмолгарон таъмини воқеии мардум бо барқро санҷид
Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон мегӯяд, шабонрӯзи гузашта, ки кишварро сардӣ фаро гирифтааст, мардуми навоҳӣ 6-8 соат барқ мегиранд.
Тибқи мониторинги Иттифоқи истеъмолгарон, ки 24-уми ноябр гузаронда шудааст, сокинони ноҳияи Файзобод-8 соат, Ҳисор-8, Лахш-24, Рашт-8, Нуробод-6, Рашт-8, Рӯдакӣ-7, Шаҳринав-7,30, Сангвор-7, Тоҷикобод-7, Турсунзода-24, Ваҳдат-7 ва Варзоб 24 соат барқ гирифтаанд.
Ба иттилои манбаъ дар вилояти Суғд мардуми ноҳияи Айнӣ-7, Ашт-13 соату 10 дақиқа, Бобоҷон Ғаффуров-7 соату 30 дақиқа Ғончӣ-7 соату 25 дақиқа, Исфара-8, Истаравшан-13, Ҷаббор Расулов-8, Конибодом-8 соату 50 дақиқа, Мастчоҳи куҳӣ-8 соату 30 дақиқа, Панҷакет-7 соат, Шаҳристон 5 соату 30 дақиқа, Спитамен-6 соат, Зафаробод-6 соат ва шаҳри Бӯстон 18 соат бо барқ таъмин будаанд: “Дар Хатлон ноҳияи Балҷувон-8, Бохтар-9 соат, Фархор-10, Дӯстӣ-7, Ҷомӣ-7 , Ховалинг-7 соат, Хуросон-7, Муъминобод-8, Норак-24, Носири Хисрав-8, Панҷ-6, Қумсангир-7, Ҷалолиддини Румӣ-7, Сарбанд-24, Шаҳритус-6,30, Вахш-7,30, Восеъ-8 ва Ёвон 10 соат барқ гирифтааст”.
Дар ВМКб ба ғайр аз сокинони Мурғоб, ки 8-соат барқ мегиранд, боқимонда 24 соат бо барқ таъмин мебошанд.
Ширкати “Барқи тоҷик” 1-уми ноябр бо далели сардӣ ва коҳиши оби дарёи Вахш маҳдудияти интиқоли барқро ҷорӣ кард.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” гуфт, ҳар шабонарӯз дар кишвар 35-38 миллион киловатт-соат энергияи барқ истеҳсол мегардад, ки он ба тамоми шаҳр, вилоят ва ноҳияҳои тобеи марказ, вобаста ба шумораи аҳолӣ ва ҳаҷми истеҳсолот тақсим мешавад. Ӯ дақиқ нагуфт, ки мардуми навоҳӣ дар як шабонарӯз чанд соат барқ мегиранд ва афзуд, ки ин дар салоҳияти мақомоти маҳаллӣ аст.