Нур, Нурсултон, Назарбоев, Элбаси ё?
Вакилони парлумони Қазоқистон пешниҳод кардаанд, шаҳри Остона, пойтахти ин кишвар ба номи раисиҷумҳур гузошта шавад.
Аммо назари вакилон дар бораи ном ё насаби Президентро ба номи шаҳр гузоштан гуногун будааст. Масалан, Қуаниш Султонов ҷонибдори ба Нурсултон ва Загифа Балиева ба Назарбоев табдил шудани Остона будаанд. Бактигул Хаменова бошад, исми Элбасиро мувофиқ шумурдааст. Михаил Бортник ҷонибдори Остона-Элбаси буда, Нурлан Негматуллин пешниҳод намуда, ки аз номи Нурсултон калимаи Нур дар номгузорӣ истифода шавад. Дар ҷаласаи Сенат ва Маҷлиси парлумони Қазоқистон таъкид шудааст, ки номи пойтахт то поёни ҳамин сол бояд иваз карда шавад.
Фарзидем, агар ШУМО ҳаққи интихоби исми нави пойтахти Қазоқистонро медоштед, чӣ номеро ба он мувофиқ мешумурдед? БИГӮЕД!