Ҷавоби ради пулиси Маскав ба дархости Пономарев
Мақомоти интизомии Русия ба муроҷиати Сергей Пономарев, муаллифи мақолаи баҳсбарангези “Тоҷикистон: аз фаромӯшии шуравӣ то ояндаи дурахшон” ҷавоби рад додааст. Пономарев ахиран бо ирсоли як мактуб ба Вазорати умури дохилии кишвараш иддао кард, ки аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон таҳдид ба марг шудааст ва хоста буд, дар қиболи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шавад.
Аммо муовини сардори шӯъбаи пулиси “Строгино” ба Сергей Пономарев посух дода, ки “ба маълумоти шумо мерасонам, аз рӯи аризаи шумо тафтишот анҷом шуд, ки дар натиҷаи он қарори боз накардани парвандаи ҷиноятӣ қабул шуд”.
Ба иддаои Пономарев пас аз нашри матлабаш ба почтаи электронӣ ва сафҳаи шабакаҳои иҷтимоии ӯ пайёмҳои таҳқиромез мерасиданд ва ҳатто ӯро таҳдид ба куштан мекарданд. Ӯ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоста буд, алайҳи муаллифони ин пайёмҳо парванда боз кунад.
Сергей Пономарев дар мақолае, ки рӯзи 16 июли соли равон ба нашр расид, Тоҷикистонро “ватани Равшану Ҷамшудҳо” номида буд. Ӯ дар оғози ин мақола, ки сомонаи "Комсомольская правда" мунташир кард, мегӯяд, “дар ҳавопаймое аз Маскав ба самти Хуҷанд равонем ва дар миёни мусофирон танҳо ман чеҳраи славянӣ дорам. Дигарҳо Равшану Ҷамшуданд...”
Ин матлаб вокуниши ҷониби Тоҷикистонро ба бор овард ва Шариф Ҳамдампур, рӯзноманигори тоҷик, ки масъули нашрияи “Комсомолская правда” дар Тоҷикистон буд, бо нишони эътироз аз нашри он даст кашид. Аммо баъдан Пономарев матлаби худро оина хонда изҳор дошт, ба мақомоти тоҷик ҳақиқати дар он инъикосшуда писанд нашуд.