Шикояти сокинони Чармгари Поён аз 7 рӯзи бебарқӣ. Вакил нав хабар шудааст (ВИДЕО)
Сокинони маҳаллаи Чармгари Поёни шаҳри Кӯлоб мегӯянд, бо далели хароб шудани трансформатор аз неруи барқ маҳруманд.
Ба гуфтаи онҳо ҳудуди 100 хоҷагии ин маҳалла як ҳафта мешавад, ки дар интизори барқанд. Марворид Абдуллоева, як сокини 38-солаи ин маҳалла мегӯяд, се тан аъзои оилаи 11 нафарии онҳо маълул буда, дар ин сардӣ азоби алим мекашанд: “Мо захираи сӯзишворӣ надорем. Ҳама дар як хона ҷамъ шуда, худро бо курпа гарм мекунем. Аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб хоҳиш мекунам, ки ғами мо одамони маъюбдорро хӯрда, зудтар мушкили моро ҳал кунад”.
Сафармоҳ Давлатшоеваи 72-сола, бошандаи дигари маҳалла дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бо далели бебарқӣ ва сардии зиёд тифли дусолаашонро аз гаҳвора намегиранд: “Кӯдаки бечора доду фиғон мекунад, ки ӯро аз гаҳвора бигирем, аммо хунук назанад гуфта, намегиремаш. Барои мардуми камбағал бебарқӣ бисёр сахт аст. Касе аз дарамон намедарояд, то ҳоли зори моро бо чашми сар бубинад”.
Оёҷонбӣ Солеҳова, як сокини дигари ин маҳҳала мегӯяд, як ҳафта қабл арӯсии писарашро гузаронд ва ин ҷуфт 7 рӯз аст, ки рӯшноии неруи барқро надидаанд. “Ҳамин ҳам ҳол шуд? Ҳар моҳ пули барқро сари вақт месупорем, чаро дар ҳолати чунин садамаҳо зуд онро бартараф намекунанд?”,-суол гузошт вай.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллаи Чармгари Поён, вакили онҳо боре ҳам аз аҳволашон напурсидааст, зеро дар манзили худаш барқ ҳаст. Хабарнигори “Озодагон” ҳам мегӯяд, вақте ба хонаи вакили маҳалла расиданд, барқ рӯшан буд. Абдулмаҷид Назаров, вакили маҳаллаи Чармгарони Поён дар суҳбат ба хабарнигори мо гуфтааст, “худи ҳамин рӯз (22 ноябр) аз Комил гуфтани шахс фаҳмидам, ки мардум як ҳафта боз қувваи барқ надоштааст. Ба шабакаҳои барқи шаҳрӣ занг зада, мушкилро гуфтам, омада трасформатрро таъмир мекунанд”.
Дар ҳамин ҳол, аз шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ба “Озодагон” гуфтанд, 4 рӯз қабл сокинони маҳалла ба идораи онҳо омада, ба таври шифоҳӣ дар бораи мушкили худ хабар додаанд. “Дар наздиктарин фурсат мо ин мушкилро бартараф мекунем”,-ваъда доданд масъулини шабакаҳои барқии Кӯлоб.