Хабари боздошти як “бомбаи зинда” аз Тоҷикистон дар Туркия
Мақомоти Туркия аз боздошти як зодаи 26-солаи Тоҷикистон хабар додааст.
Бино ба иттилои нашрияи Habertürk, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо як табааи 23-солаи Узбакистон рӯзи 22 ноябр дар пайи як амалиёти махсус дар шаҳри Истанбул дастгир шудааст. Мақомоти Туркия гуфтааст, боздоштшудаҳо қасд доштаанд, тавассути Туркия ба хоки Сурия ворид шуда, ба гуруҳи террористии “Давлатӣ исломӣ” ё ДИИШ бипайванданд. Нашрия бо такя ба манобеи худ навиштааст, ин ду нафар мехостаанд, дар амалиётҳои ДИИШ худро чун “бомбаи зинда” битарконанд.
Ин бори аввал нест, ки мақомоти Туркия аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми қасди вуруд ба Сурия ва пайвастан ба ДИИШ хабар медиҳанд. Бори охир расонаҳои ин кишвар моҳи майи соли равон навиштанд, ки Додгоҳи Туркия бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии “Давлати исломӣ” гуруҳи 10 нафариро ба ҳабс гирифтааст, ки миёнашон шаҳрвандони Эрон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон мебошанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам яке аз роҳҳои ба Сурия расидани шаҳрвандони Тоҷикистонро Туркия мегӯянд. Ба гуфтаи онҳо бештари шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба Туркия ва аз онҷо ба Сурия рафтаанд. Теъдоди шаҳрвандони ба ДИИШ пайвастаи Тоҷикистон ҳудуди 1100 нафар гуфта мешавад, ки марги беш аз 300 нафари онҳо тасдиқ шудааст.
Акс аз торнамои Haberturk