Қабули эътимодномаи 14 сафири навтаъйин: Аз Арабистони Саудӣ то Зеландияи Нав
14 сафири кишварҳои хориҷӣ эътимодномаҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон супурдаанд.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, расми қабули эътимодномаҳо имрӯз, 22 ноябр дар Қасри Миллат сурат пазируфтааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла сафирони Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ, Туркия Алӣ Рифат Коксал, Фаронса хонум Ясмин Гуедар, Италия Андреа Бертоззи, Австрия Герхард Сайллер, Шоҳигарии Нидерландия Дирк Ян Кооп, Юнон Андреас Фриганас, Чехия Ярослав Сиро, Конфедератсияи Швейтсария Урс Шмид, Ватикан Фрэнсис Ассизи Чулликатт, Молдова Думитру Брагиш, Ҷумҳурии Корея Квон Ён У, Бангладш Маҷибул Раҳман Буиян ва Зеландияи Нав Иэн Александр Хилл ба Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супурдаанд.
Дафтари матбуоти Президент меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон сафирони навтаъинро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар кишвар шодбош гуфта, изҳор доштааст, ки Тоҷикистон бо доираи васеи мамолики сайёра ҳамкории судманду баробарманфиати сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиву гуманитарии дуҷониба ва бисёрҷонибаро васеъ ба роҳ монда, дар ин замина ба рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи худ бо кишварҳои олами Араб, Аврупо, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Ҷанубӣ, инчунин бо кишварҳои доираи ИДМ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд: “Изҳори итминон карда шуд, ки сафирони тозатаъин барои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон талоши бештар намуда дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи байнидавлатӣ саҳми муносиб мегузоранд”.