Мақомоти Дубай: Хариди хона аз сӯи тоҷикистониҳо афзоиш ёфтааст
Мақомоти Дубай мегӯянд, солҳои охир хариди амвол дар ин шаҳр аз сӯи шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои Департаменти замини Дубай танҳо давоми се соли охир ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Украина ва Туркманистон дар Дубай ба маблағи 4 миллиард доллари амрикоӣ хона харидаанд.
Мақомоти Дубай мегӯянд, бо назардошти афзоиши таваҷҷуҳи сармоядорони русзабон тасмим гирифтаанд, ки минбаъд шартномаи хариди хона бо забони русӣ низ пешниҳод шавад ва барои ин аллакай ҳукуматдорони Дубай бо ширкати машваратии “Русбиз” шартнома бастаанд.