Нахустин парвоз аз “Жуковский” ба Душанбе 22 ноябр сурат мегирад
Нахустин парвоз аз фурудгоҳи навбунёди “Жуковский” ба Душанбе шоми 22-юми ноябр сурат мегирад.
Дар ин бора ширкати «Рампорт Аэро», ки ба пешбурди фаъолияти фурудгоҳи “Жуковский” машғул аст, хабар додааст. Манбаъ мегӯяд, айни ҳол ширкатҳои Русия барои парвоз аз “Жуковский” ба 11 кишвари хориҷӣ иҷозат гирифтаанд.
Мақомоти тоҷик низ ахиран дар пайи таҳдиди Русия барои қатъи парвозҳо ба Тоҷикистон иҷозат доданд, ки ширкати русии “Уралские авиалинии" аз Жуковский дар Душанбе парвоз кунад. Бар асоси созиши ҷонибҳо 2 парвози дигар аз Русия ба Душанбе изофа шудааст.
Қаблан Русия таҳдид кард, ки агар Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ин кишвар аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе иҷозат надиҳад, аз 8-уми ноябр алоқаи ҳавоӣ миёни ин ду кишвар комилан қатъ хоҳад шуд.
Хадамоти авиатсияи граждании Тоҷикистон таносуби парвозҳои ширкатҳои русиягиро дар бозори мусофирбари Тоҷикистон нашр карда буд, ки бар асоси он қисми бештари бозор дар ихтиёри ширкатҳои русӣ қарор дорад: “Аз ҷумла дар хатсйри Душанбе–Москва–Душанбе аз ҷониби ширкатҳои тоҷикистонӣ - “Сомон Эйр” – 7 парвоз, “Тоҷик Эйр” – 7 парвоз ва аз тарафи ширкати русиягии “Ют Эйр” – 14 парвоз анҷом дода мешаванд. Аз фурудгоҳи Хуҷанд “Сомон Эйр – 3 парвоз, “Тоҷик Эйр” – 4 парвоз ва аз ҷониби ширкати русиягии “Сибирь” 7 парвоз амалӣ мешавад. Аз фурудгоҳи Кӯлоб танҳо ширкатҳои русиягӣ “Уральские авиалиний” - 4 парвоз ва “Сибирь” - 3 парвоз анҷом медиҳанд. Аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа низ ширкати русиягии “ВИМ Авиа” 7 парвоз дар як ҳафта анҷом медиҳад”.
Феълан ба ин ҷадвал боз парвози ширкати русии "Уралские авиалинии" аз фурудгоҳи Жуковский зам шуд. Мақомоти тоҷик изҳор медоранд, ки дар гуфтушуниди Маскав созиш шуд, ки ширкатҳои тоҷикистонӣ низ ҳақ доранд дар ин масир парвоз кунанд, аммо иттилои дақиқе дар ин маврид то ҳол ироа нашудааст.