Суд зарари моддию маънавии Шаҳболро 40 621 сомонӣ ҳисоб кард
Додгоҳи низомии горнизони шаҳри Душанбе имрӯз, 22-юми ноябр қарор кардааст, ки қушунҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик 40 ҳазор 621 сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ пардохт кунанд.
Дилшод Ҷӯраев, намояндаи ташкилоти "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" ва яке аз вакилони дифои хонаводаи Мирзоев дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, додгоҳ зарари маънавии хонаводаро 4 ҳазор сомонӣ ва зарари моддияшонро 36 ҳазору 621 сомонӣ ҳисоб кардааст. Вакилони дифоъ аз додгоҳ 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва 97 ҳазор ҷуброни зарари моддиро талаб карда буданд.
Ҷӯраев мегӯяд, аз ин қарори додгоҳ розӣ нест ва аз он ба марҳилаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд.
Кашмакаши дубораи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбудаи тоҷик бо Раёсати марзбонии Тоҷикистон дар додгоҳи низомии гарнизони Душанбе дар ҳолест, ки қарори қаблии додгоҳ барои пардохти 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавию моддӣ ба Шаҳбол Мирзоев бекор гардид.
Тобистони соли гузашта Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори Додгоҳи ҳарбӣ дар мавриди пардохти 97265 сомонӣ зарари моддӣ ва 20000 сомонӣ зарари маънавиро ба Шаҳбол Мирзоев бекор кард. Аз ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, ки қарор дар пайи баррасии шикояти кассатсионии ҷавобгар бекор шуд.
Шаҳбол Мирзоев, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли 2013 довталабона ба хидмати низомӣ рафта, шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифт. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон кард,“гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст".