Барфу сардӣ тақвими парвозҳои Фурудгоҳи Душанберо тағйир надод (АКС)
Масъулини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, якбора сард шудани ҳаво ва резиши барф дар кори фурудгоҳ тағйироте ворид накардааст.
Аз дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯз, 21 ноябр ба “Озодагон” гуфтанд, фурудгоҳ бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият намуда, ҳавопаймоҳоро бемамониат гусел мекунад ва пешвоз мегирад.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи барфрезӣ тамоми хадамоти рӯизаминии фурудгоҳ дар ҳолати омодабош қарор дорад: “Техникаи нақлиётии фурудгоҳ саддарсад ба фасли зимистон омода аст, мошинҳои махсус барои тоза кардани перрон ва майдони парвоз сафарбар шудаанд”.