“Тоҷиксодиротбонк”-ро боз як моҳи дигар маъмурияти муваққатӣ раҳбарӣ мекунад
Бонки миллии Тоҷикистон маъмурияти муваққатӣ дар “Тоҷиксодиротбонк”-ро барои як моҳи дигар тамдид кардааст.
Торнамои расмии ин ниҳоди молӣ менависад, Раёсати Бонки миллӣ “бо мақсади солимгардонӣ ва барқарорсозии пурраи фаъолияти ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бо қарори навбатии худ муҳлати ваколати маъмурияти муваққатиро дар бонки мазкур то 18 декабри соли 2016 тамдид намуд”.
Ба иттилои манбаъ, ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзии номбурда иҷрои нақшаи солимгардонии тасдиқшудаи бонкро таъмин намояд.
Бонки миллӣ 18 майи соли равон барои се моҳ дар “Тоҷиксодиротбонк” маъмурияти муваққатӣ бо раҳбарии Мирҳаёт Ёқубов таъин карда, баъдан ин муҳлатро барои се моҳи дигар тамдид карда буд.