Расман дар 10 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи 3 миллион доллари амрикоӣ, дар ҳаҷми 136,6 миллион киловатт нерӯи барқ содир шудааст, ки нисбат ба воридоти барқ дар ин муддат ҳудуди 67 миллион киловатт/соат бештар аст.
Айни ҳол тибқи иттилои ширкати «Барқи тоҷик» дар Тоҷикистон тайи як шабонарӯз ҳудуди 46 миллион килловат /соат нерӯи барқ истеҳсол шуда, мардуми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳамагӣ ҳудуди 8 – 10 соат барқ доранд. Калонтарин истифодабарандаи барқро дар Тоҷикистон масъулини ширкати «Барқи тоҷик», корхонаи алюминий «ТАЛКО» - ро ном бурданд, ки дар як шабонарӯз наздики 15 миллион киловатт/соатро истифода мекунад.
Манбаъ афзуд, дар мавриди зиёд намудани таъминоти аҳолии минтақаҳои Тоҷикистон бо қувваи барқ, масъулини «Барқи тоҷик» изҳор медоранд, ки дар назар нест. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ширкат ҷараёни об дар дарёи Вахш ҳамин шабонарӯз зиёд шуда, ҳудуди 350 метри мукаабро ташкил намудааст, ки дар муқоиса бо нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 100 метри мукааб зиёд аст.Имсол маҳдудияти барқ барои мардуми минтақаҳои Тоҷикистон аз 11-уми октябр ҷорӣ гардид. Соли гузашта маҳдудияти барқ барои мардуми навоҳии Тоҷикистон аз якуми ноябр роҳандозӣ шуда буд.