Талоши беҳтарин донишҷӯи Русия барои курсии Бег Сабур
Аминҷон Абдураҳмонов, донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи телекомуникатсияи Санкт-Петербург, барандаи мусобиқаи умумирусиягии “Мистери донишҷӯии-2016” шудааст.
Ӯ донишҷӯи соли чорум, ки ду ҷоиза ин мусобиқаро аз они худ кардааст, ният дорад пас аз хатми донишгоҳ ба Ватан баргардад ва вазири алоқа шавад: “Мехоҳам технологияи муосирро дар ватани худ рушд бидиҳам”.
Ин зодаи 22-солаи шаҳри Бӯстон мегӯяд, мусобиқа дар фазои дӯстӣ баргузор шуда “бештар ба як баромади дӯстона монанд буд, на ба мусобиқа”.
Ин мусобиқа аз аз бахши варзиш, фикрӣ ва эҷодӣ иборат будааст.
Нияти беҳтарин донишҷӯи соли Русия барои расидан ба курсии раёсати умури алоқа дар ҳолест, ки феълан ин мансабро Бег Сабур ишғол кардааст.