Боздошти аскари фирории тоҷик дар марзи Русияю Қазоқистон
Мақомоти марзбонии Хадамоти амнияти федералии Русия шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки худсарона макони хидматашро тарк намудааст.
Тибқи иттилоияи мақомоти марзбонии Русия, низомии фирорӣ дар гузаргоҳи марзии вилояти Саратов боздошт шудааст: “Зимни санҷиши асноди мусофирони автобусе, ки ба Қазоқистон равон буд, маълум шуд, ки ҷавони 27-сола, шаҳрванди Тоҷикистон дар кофтукоби федералӣ қарор дорад”.
Манбаъ мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон ин ҷавонро бо иттиҳоми худсарона тарк кардани ҷои хидмат соли 2014 мавриди пайгард қарор доданд: “Феълан боздоштшуда барои истирдод ба Ватан ба мақомоти пулиси Русия супорида шуд”.