Нашри суруди муштараки Меҳрнигор ва Манижаи Давлат (САДО)
Манижа Давлат ва Меҳнигори Рустам, овозхонҳои маъруфи тоҷик суруди нави муштаракашон зери унвони “Дили зорам”-ро пешниҳоди омма кардаанд.
Матни суруди “Дили зорам” ба қалами Орзу Исоев рӯзноманигори тоҷик тааллуқ дошта, оҳанги онро Манижа ва Меҳрнигор муштарак эҷод кардаанд. Манижаи Давлат, ки солҳои зиёд аз саҳнаи овозхонӣ канор рафтааст, дар бархе аз қисматҳои “Дили зорам” бо Меҳрнигори Рустам ҳамовозӣ кардааст.
Манижи Давлат мегӯяд, “як шаб бо Меҳнигор суҳбат доштем ва ӯ пешниҳод кард, ки якҷо чизеро эҷод кунем. Бо ҷони дил гуфтам ва ӯ гитор гирифту ман табл ва ана ҳамин сурудро ҳар ду офридем. Қалби тозаи Меҳнигор ва самимияти ман рӯи ин кор буд, ки оҳанг ширину равон омад. Ҳар қадар гӯш биандозӣ боз мехоҳӣ, ки гӯш бидиҳӣ”.
Қаблан Манижаи Давлат гуфт, ки мехоҳад, ба саҳнаи овозхонӣ бо сурудҳое баргардад, ки муаррифигари шеъру сухани ӯ бошанд. Ӯ дар сафҳаи фейсбукияш изҳор дошт, ки суруд умри кӯтоҳ дорад, аммо шеъру сухан мондагоранд: “Ҳар чиро хондам муаррифигари садоям буд. Сабкам буд, чун сабки хондан сабки ҷадид буду ҳар ҳаракату имову ишораам низ ҷадид буданд. Ҳар чӣ имрӯз қарор аст, ки бихонам, мехоҳам муаррифигари шеъру суханам бошад”.