Боз як парванда алайҳи Бузургмеҳр Ёров
Наздикони Бузургмеҳр Ёров, адвокати маҳкумшуда ба 23 соли зиндон аз оғози боз як парванда алайҳи ӯ хабар медиҳанд.
Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр имрӯз, 17 ноябр ба “Озодагон” гуфт, “парванда дар пайи шикояти ду нафар аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ боз шудааст”.
Моддаи 247 “қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ” буда, он ҷарима ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.
Оғози парвандаи нав алайҳи Бузургмеҳр Ёров дар ҳолест, ки моҳи гузашта Додситони кулли Тоҷикистон нисбати ӯ бо ду моддаи дигар 350 (беэҳтиромӣ нисбати суд) ва моддаи 330 (таҳқири намояндаи ҳокимият) оғоз карда буд.
Наздикони Ёров он замон гуфта буданд, ки ин парванда дар пайи баҳси Бузургмеҳр бо айдоркунандаи давлатӣ Рустам Тақдирзода боз шудааст: “Бузургмеҳр зимни сухани ниҳоияш дар бораи бародараш Ҷамшед шеъри “Бародарам”-и Муъмин Қаноатро қироат кард ва айбдоркунандаи давлатӣ гуфт, дар бораи парвандаи худат суҳбат кун. Дар ҳамин ҳол миёни Бузургмеҳр ва айбдоркунанда баҳс ба миён омад ва ин парванда низ дар пайи он баҳс кушода шудааст”.
6 октябри соли равон Додгоҳи шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёровро 23 сол равонаи зиндони низомаш пӯрзур намуд. Бо ҳукми додгоҳ амволи ӯ комилан мусодира шуда, худаш баъди раҳойӣ 5 сол аз ҳаққи кор дар ташкилоту идораҳо маҳрум мегардад.