Намояндаи Путин дар бораи манофеи муштараки Русия бо "Толибон" ва хатари ДИИШ ба Осиёи Марказӣ
Замир Кобулов, намояндаи вижаи Владимир Путин дар Афғонистон гуфтааст, Русия бо намояндаҳои "Толибон" дар тамос аст.
Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории “Анадолу”-и Туркия гуфтугӯи мақомоти кишвараш бо "Толибон"-ро таъйид карда, изҳор доштааст, "бо онҳо дар мавриди амнияти ҳайати дипломатӣ ва шаҳрвандони Русия дар тамос ҳастем”.
Ба таъкиди ин дипломатии рус, агар "Толибон" дар чаҳорчӯби Шӯрои амнияти СММ амал кунанл, ҳақ доранд ба унвони як қудрати сиёсӣ дар Афғонисон ба фаъолияти худ идома диҳанд. Замир Кобулов дар идома афзуда: “Толибон" дар баробари гуруҳҳое меҷанганд, ки артиши Русия онҳоро дар Сурия ҳадаф қарор медиҳад. Ба ҳамин далел "Толибон" ва Русия манофеи муштарак доранд”.
Ин намояндаи хоси Русия дар дифоъ аз "Толибон" гуфтааст, ин гуруҳ мавқеи худро тағйир додааст: “Онҳо ҷиҳоди ҷаҳонӣ намекунанд, аммо барои раҳоии кишварашон аз санги ишғолгарон ва эҷоди ҳукумати мустақил мубориза мебаранд. "Толибон" бо ДИИШ меҷанганд, зеро идеологияи онҳоро қабул надоранд”.
Кобулов дар бахши дигари суҳбаташ афзуда, “хатари ДИИШ дар минтақа дар сатҳи шурӯъ қарор дорад. ДИИШ талош дорад аз ҳисоби «Толибон» сарбозгирӣ кунад. Дар сурати муваффақ шуданашон кишварҳои Осиёи Марказиро дучори пайомади бад мекунанд”.
Ҳимояти Замир Кобулов аз «Толибон» ба вокуниши ҳукумати Афғонистон рӯбарӯ шудааст. Шикеб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон ҳушдор дода, ҳамсӯии кишварҳои минтақа бо гуруҳҳое, ки мардуми Афғонистонро ҳадаф қарор медиҳанд, барои кишварҳои минтақа хатарофарин хоҳад буд. Ин намояндаи вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар пайи изҳороти Кобулов гуфтааст: “Пештар низ чизҳое дар ин бора дар расонаҳо бозтоб дошт ва мо ҳар боре, ки ин мавзӯъро бо Русия матраҳ кардаем, мақомҳои ин кишвар онро такзиб кардаанд”.