Ба қавли манбаъ, дар ҳоли ҳозир як литр бензини навъи АИ-92 бо нархи 7,2 сомонӣ ва навъи АИ -95 ба ивази 7,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.Ин дар ҳолест, ки боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия, ки яке аз омилҳои асосии ташаккули нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ майли поёнравӣ дорад. Аз ҷумла боҷи содиротии як тонна бензин, ки дар моҳи июн 415 долларро ташкил медод, дар моҳи ноябр тақрибан 355 долларро ташкил медод. Дар баробари ин тайи ду-се моҳи охир қурби доллар ҳам дар бозори нақди Тоҷикистон мӯътадил аст. Бо вуҷуди ин масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, изҳор медоранд, ки нархгузориҳои мавҷуда дар бозори сӯзишвории кишвар аз нигоҳи иқтисодӣ асосноканд.