китоби таҳти унвони “Дипломатияи Тоҷикистон»
«Солномаи 2008» аз маълумот оид ба рӯйдодҳо ва сафарҳои райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои хориҷӣ ва сафарҳои сарони давлатҳои дигар ба Тоҷикистон, баромадҳо ва мусоҳибаҳои вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ иборат аст.
Дар китоби дуюми вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таҳти унвони «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015» баромадҳо ва изҳороти иштирокдорони ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ дар тамоми марҳилаҳои гузаронидани конфронс, эъломияи Душанбе оид ба об ва аксҳое, ки рафти конфронсро инъикос менамоянд, ба чоп расидаанд.
Китоби чоруми бахшида ба иҷлосияи 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, ки дар шаҳри Душанбе аз 18 то 20 майи соли 2010 баргузор гардид, маълумотнома оид ба таърихи ҳамкориҳои СКИ ва Тоҷикистон, баромадҳои роҳбарони ҳайатҳо дар ҳошияи иҷлоси 37-умро дар бар мегирад.