Ҳушдор аз кандашавии хатти нерӯи барқ, расидани осеб ба аҳолӣ ва афзоиши садамаҳо
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳавои ноустувор дар кишвар ҳушдор додааст.
Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, аз 19 то 26 ноябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, боридану боронҳои гузарандаву барф дар назар аст: “Дар минтақаҳои куҳӣ эҳтимоли боридани барфи тар ва яхбандӣ вуҷуд дорад”.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи ин хатари гусастани хатти алоқа ва интиқоли нерӯи барқ, расидани осеб ба аҳолӣ, ҳамчунин афзоиш ёфтани теъдоди садамаҳои нақлиётӣ ба миён меояд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар иртибот ба ин аз сокинон даъват кардааст, дар ин рӯзҳо ҳаракатро тавассути роҳҳои куҳӣ маҳдуд сохта, аз кӯчаву гузаргоҳҳо бо эҳтиёт ҳаракат намоянд ва ба хатти интиқоли нерӯи барқ бештар диққат диҳанд. Ин ниҳод мегӯяд, “агар шумо дар ҷодае ва ё минтақае симҳои кандашудаи барқро мушоҳида кардед, хеле зуд ба маъмурияти нуқтаи аҳолинишин дар ин бора хабар диҳед”.