Фармондеҳи Толибон Трампро девона хонд: Амрикоиҳо қабрашонро канданд
Абу Умар Хуросонӣ, фармондеҳи Толибони ҷонибдори “Давлати исломӣ” дар Афғонистон, Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрикоро девона хондааст.
Ин фармондеҳ дар суҳбат бо хабаргузории “Рейтерз” гуфтааст нафрати Доналд Трамп нисбат ба мусулмонон кори онҳоро дар заминаи ҷалби ҷангҷӯиёни нав осонтар мекунад. Хуросонӣ дар бахши дигари суҳбати худ гуфтааст: “Раҳбарони мо интихоботи Амрикоро пайгирӣ мекарданд. Аммо, ин ғайримунтазир буд, ки амрикоиҳо қабри худашонро мекананд”.
Абу Умар Хуросонӣ Доналд Трампро бо Барак Обама қиёс карда гуфтааст, ки дуввумӣ бо каме мағз аз аввалӣ фарқ мекунад.