Вазорати дифоъ: Танҳо як минтақа нақшаи даъватро иҷро накардааст
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ то имрӯз, 14-уми ноябр 98 дарсад иҷро шудааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, давоми 44 рӯзи даъват тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 100%, Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон-100%, вилояти Суғд-100% ва Душанбе низ 100% иҷро кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, танҳо навоҳии тобеи марказ нақшаро 92% иҷро кардаанд. Манбаъ мегӯяд, бештари ҷавонони синни даъват ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ омадаанд.
Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки 3 сентябри соли равон содир шуд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 “шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” даъват карда мешаванд.