Шарҳи ВКД дар бораи Муҳаммадиев Лутфулло, "авторитет”-и ҷиноии тоҷик
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабари расонаҳои Русия дар бораи Лутфулло, “авторитет”-и тоҷики олами ҷиноиро, ки дар гузашта гӯиё фармондеҳии воҳиди вижаи мақомоти умури дохилии Тоҷикистонро ба уҳда доштааст, шарҳ дод.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, “Росбалт” дар матлабаш зери унвони “В Москве началась «война» между таджикскими мафиози” иттилоъ медиҳад, ки Муҳаммадиев Лутфулло Абдуҳамидович, командири ягон воҳидоти махсуси ВКД набуда, танҳо ба ҳайси корманди оперативии яке аз раёсатҳои ВКД фаъолият намудааст: “Муҳаммадиев Лутфулло Абдуҳамидович 15 сол пеш, яъне соли 2001 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани амале, ки ба шаъну эътибори корманди милитсия доғ меорад, аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шудааст”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар мавриди гурӯҳҳои тоҷикони «мафиозе», ки гӯё дар Федератсияи Русия барои «нуфуз» ҷангу ҷанҷол карда бошанд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба мақомоти умури дохилии тоҷик ягон ахборот ворид нагардидааст.
Расонаи “Росбалт” аз қавли манобеяш навиштааст, ки Лутфулло, яке аз “авторитет”-ҳои тоҷики олами ҷиноии Русия ахиран маҷруҳ шуда, ваъда додааст, ки қасосашро мегирад. Ба навишати ин расона Лутфулло, ки дар гузашта дар мақомоти низомии Тоҷикистон кор мекардааст, дар сӯиқасд ба ҷонаш саркардаи дигари олами ҷиноӣ Ҳоҷӣ Абуҷабборро гунаҳкор медонад.