Манбаъ афзуд, зимни ин нишаст беш аз 12 масъалаи муҳим, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт: «Авлавият дар соҳоти мухталифи ҳамкорӣ бештар ба бахшҳои иқтисодиёт, сармоягузорӣ, энегетика, муҳоҷирати меҳнатӣ, саноати сабук, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг дода мешавад». Бино ба гуфти манбаъ, ин ҳамойиш то 4 рӯзи дигар идома ёфта ва дар он ҷониби Тоҷикистонро Давлаталӣ Сайдов, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ роҳбарӣ мекунад.