Душанбе-дар феҳрасти 6 шаҳри баргузидаи “Роҳи абрешим” (АКС)
Шаҳри Душанбе дар соли 2016 миёни 6 шаҳрҳои баргузидаи ҷаҳонӣ ба Ҷоизаи “Шаҳри Сулҳ”-и Бунёди “Роҳи абрешим” сазовор дониста шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдорӣ иттилоъ дода, афзудаст, ин муждаро Раиси Бунёди “Роҳи абрешим” –и Ҷумҳурии халқии Чин зимни суҳбат бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе иброз доштааст.
Ба иттилои манбаъ, Шао Чанчун ба Убайдуллоев гуфтааст, шаҳри Душанбе дар соли 2016 миёни 6 шаҳри баргузидаи ҷаҳонӣ, аз қабили Рим (Италия), Афина (Юнон), Ашқобод (Туркманистон), Боку (Озарбойҷон) ва Бишкек (Қирғизистон) бо раъйи кулли хайати ҳакамони озмуни ҷаҳонӣ ба Ҷоизаи “Шаҳри Сулҳ”-и Бунёди “Роҳи абрешим” сазовор дониста шуд.
Раиси Бунёди “Роҳи абрешим” –и Ҷумҳурии халқии Чин гуфтааст, шаҳри Душанбе барои таъмини суботу оромӣ, амнияту ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву адён, гуфтугўи тамаддунҳо ва рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ бо Ҷоизаи мазкур сарфароз гардонида шуд ва умед аст, ки дар ин самт шаҳрдории Душанбе ва сокинони он, минбаъд низ иқдомоти беназири оламшумул анҷом медиҳанд.
Дафтари матбуотии шаҳрдорӣ мегӯяд, ҷоизаро дар вазъияти тантанавӣ ҷаноби Ченг Гуопинг – Раиси Ҷоизаи “Шаҳри Сулҳ” ба Маҳмадсаид Убайдуллоев супоридааст.