Парванда алайҳи миллатгарои рус барои латукӯби тоҷик ва нашри навораш дар интернет
Мақомоти тафтишотии Воронежи Русия нисбати як сокини 21-солаи ин шаҳр ба ҷурми латукӯби шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
Ба иттилои мақомот гумонбар моҳи июли соли 2015 шаҳрванди Тоҷикистонро латукӯб карда, навори видеоии онро дар шабакаи иҷтимоии “Вконтакте” пахш намудааст.
Евгений Аверин, сардори шӯъбаи тафтишотии ноҳияи Левобережнийи шаҳри Воронеж, гуфтааст, гумонбар эътироф кардааст, ки дар ин ҷиноят даст доштааст. “Ҳангоми тафтишот аз ӯ телефони дастӣ ва чандин ашёи дигар мусодира шуд, ки дар рафти тафтишот лозим мешаванд”.
Тафтишот ҳамчунин муайян кардааст, ки навори видеоӣ дорои нишонаҳои барангехтани нафрати миллӣ будааст. Ба ин тартиб нисбати гумонбар аз рӯи ин ҷиноят ду парванда “барангехтани нафрат ва паст задани шарафи инсонӣ” ва “зарари ҷисмонӣ” кушода шудааст.