Таъсиси Махзани ягона алайҳи санҷишҳои зиёду “заказной”
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки дар кишвар махзани ягонаи иттилоот дар бораи санҷишҳои соҳибкорону корхонаҳо ташкил гардад.
Тибқи қарори ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи гузашта имзо кардааст, ҳадафи ташкили махзани ягона ҷилавгирӣ аз қонуншиканӣ, санҷишҳои такрорӣ ва инчунин ҳамоҳангӣ миёни ниҳодҳои санҷишкунанда мебошад: “Ба махзан иттилоъ дар бораи санҷишҳои нақшавӣ ва анҷомдодашуда ворид мегардад, то ҳамоҳангӣ миёни ниҳодҳои санҷишкунанда таъмин шавад. Тариқи махзани ягона аз такрори санҷишҳо, нақзи муҳлати қонунии санҷишҳо пешгирӣ шуда, риояи қонун ҳангоми гузарондани санҷиш ва таҳлили натиҷаҳо таъмин мегардад”.
Ҳукумат тамоми ниҳодҳои санҷиширо муваззаф кардааст, ки хазинаи дохилии санҷишҳоро ташкил кунанд ва тамоми иттилооти заруриро ба махзани ягонаи иттилоот дар бораи санҷишҳо пешниҳод намоянд. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои санҷишкунанда дар мавриди сатҳи ҳамгироӣ ва кадом ниҳод бояд махзани ягонаро истифода кунад, тасмим мегирад. Масъули ташкилу пешбурди кори махзани ягона Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон аз санҷишҳои зиёди такрорӣ, “заказной” ва савдо баъди анҷоми санҷишҳо интиқоди шадид карда буд: "Санҷишҳоро тӯл медиҳед. Натиҷаи санҷишро саривақт пешниҳод намекунед. Чӣ шудааст, ин ҷо? Савдо!Савдо! Натиҷаи санҷишро дар даруни дипломат нигоҳ дошта, савдо мекунед. Ҳамин қадар медиҳед, ман шумода навишта медиҳам. Ё пеш аз санҷиш рафтан, ман омада истодаам, тайёриятонро бинед”.
Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 дар ҷаласаи Шӯрои амният санҷишҳои худсаронаи кормандони Оҷонсии зидди фасодро “закази рӯирост” арзёбӣ намуд: “Баъзан корхонаю ширкатҳоро берун аз нақша ё фармон санҷиш мекунанд. Ин закази рӯирост аст”.