“Разбор”-и маргбори чӯпонҳои тоҷик барои чашмаю чарогоҳ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти се чӯпон хабар дод, ки дар куштор муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, куштор 8-уми ноябр, тахминан соати 08:30 дар мавзеи доманакӯҳҳои “Қарсанбулоқ”-и деҳаи Коммунизми ноҳияи Панҷ рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, боздоштшудаҳо-чӯпонҳои 21, 30 ва 31-сола барои истифодабарии қитъаҳои замини чарогоҳ ва чашмаи обдиҳӣ бо чӯпони 40-сола ва ҷавони 18-сола, сокинони ноҳияи Панҷ муноқиша карда, бо калтакҳои чупонӣ якчанд бор ба сару рӯи онҳо мезананд: “Дар натиҷа марди 40-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ҷавони 18-сола бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, ки феълан нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.