Ҳалокати 4 нафар дар пайи ҳамла ба консулгарии Олмон дар Афғонистон
Консулгарии Олмон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон мавриди ҳамлаи “Толибон” қарор гирифтааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, соатҳои 23:00-и шаби гузашта як мошини ҳомили маводи мунфаҷир дар назди девори консулгарӣ таркидааст. Дар пайи ин ҳодиса 4 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 100 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Вазорати умури хориҷии Олмон гуфтааст, кормандони олмонии консулгарӣ осебе надидаанд.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон” масъулияти ҳамларо бар душ гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамла ба консулгарӣ интиқом ба хотири ҳамлаи ҳавоии НАТО дар шимоли Кундуз буд.