Таҳдиди 5 соли зиндон ба зани рус барои шавҳари тоҷикаш
Як зани 28-солаи Новокузнетск дар созмон додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ муттаҳам мешавад.
Дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Кемерово гуфтааст, дар ҷараёни як рейд аз манзили ин зан шаҳрванди депортшудаи Тоҷикистонро пайдо кардаанд: “Бо қарори додгоҳ ӯ бояд қаламрави Русияро тарк мекард, аммо ҳамсараш нагузоштааст, ки ин корро анҷом бидиҳад”.
Ба иттилои манбаъ, давоми 7 моҳ – аз октябри соли 2015 то майи 2016 ин зан ғайриқонунӣ ҳамсари тоҷики худро дар манзилаш пинҳон кардааст: “Дар пайи санҷиш шаҳрванди Тоҷикистон депорт шуда, нисбати зан тибқи моддаи 322.1 қ. 1 КҶ ФР “Созмон додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ” парванда боз шуд”.
Дар сурати исботи гуноҳ ӯро то 5 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.