Даври омӯзишии ЮНИДО оид ба гулдузӣ ва дизайни қолинҳо
Дар доираи лоиҳаи “Модернизатсияи саноат ва баланд бардоштани рақобатпазирии бахшҳои қолинбофӣ, гулдузӣ ва истеҳсоли зардӯзӣ/саноати бофандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, давраи омӯзишии дурӯза оид ба зардӯзӣ ва дизайни қолинҳоро баргузор намуд. Дар ин тренинг 20 нафар аз сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои хусусӣ ва муассисаҳои таълимии вилояти Суғд иштирок намуданд.
Ҳадафи тренинги мазкур, омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти дизайнерӣ, комбинатсияи рангҳо, зардӯзӣ ва дизайни қолинҳо буда, ҳамчунин ба иштирокчиён имкон дод, то малака ва дониши худро оиди дастрасӣ ба бозорҳои содиротӣ васеъ намоянд.
Муддати ду рӯзи омӯзиш, иштирокчиён аз нозукиҳои асосии зардӯзӣ ва дизайни қолинҳо, озмоиш бо рангҳо ва қобилияти эҷоди тарҳҳои худ дар формати рақамӣ бохабар шуда, аз ҷумла, оид ба коркарди муаррифномаҳои муштарак ва ба бозор нигаронидашуда маълумот пайдо карданд.
Дар доираи лоиҳаи мазкур, ЮНИДО ба кӯшишҳои Ҳукумати оид ба сохтани иқтисодиёти устувор ва фарогир, тавассути такмили маҳсулнокӣ ва корхонаҳои рақобатпазири Тоҷикистон, ки дар самти қолинҳо-бофандагӣ ва соҳаҳои гулдузӣ/бофандагӣ фаъолият мекунанд, мусоидат менамояд. Бо мақсади устувории лоиҳа, фаъолияти калидии он барои баланд бардоштани рақобатпазирии бахши мазкур, тавассути муайян кардани имкониятҳои бозори минтақавӣ ва байналмилалӣ, бозсозӣ ва таҷдиди технологии корхонаҳо, ҷорӣ намудани воситаҳои маркетинг ва инноватсионӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори мутахассисони миллӣ ва дастгирии соҳибкорӣ равона шудааст.
Лоиҳа аз моҳи октябри соли 2015 бо дастгирии молиявии ҳукуматҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия амалӣ мешавад.