Умеди Путин барои бурунрафти муносиботи Маскаву Вашингтон аз авзои буҳронӣ
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ирсоли як барқия Доналд Трамро барои пирӯзӣ дар интихоботи Амрико шодбош гуфтааст.
Дафтари матбуоти Кремлин менависад, Путин дар ин нома ба фаъолияти муштарак барои аз буҳрон берун кардани муносиботи Русияву Амрико изҳори умед кардааст.
Доналд Трамп дар суханрониҳои пешазинтихоботии худ аз Путин ситоиш карда, ӯро “раҳбари олӣ” номида буд.