Амнияту иқтисод: “Turkish Airlines” парвоз ба Хуҷандро қатъ кард
Ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” дар пайи коҳиш додани хатсайрҳои худ парвози Итанбул-Хуҷандро низ мутаваққиф кардааст.
Ба навиштаи нашрияи туркии “Hurriyet Daily News” ин тасмими “Turkish Airlines” дар пайи коҳиш ёфтани теъдоди мусофирон ва инфиҷорҳои ахир дар Туркия гирифта шуда, дар маҷмӯъ 17 хатти парвози байналмилалӣ мутавақиф ва 30 ҳавопаймо аз истифода гирифта шудаанд.
Парвозҳои ин ширкат аз ҷумла ба кишварҳои Алҷазоир, Дания, Фаронса, Олмон, Эрон, Итолиё Арабистони Саудӣ, Украина ва шаҳри Оши Қирғизистон қатъ шудааст.