Пешгӯии борону барфи кӯтоҳмуддат дар Тоҷикистон
Обуҳавошиносони тоҷик имрӯз, 9 ноябр дар кишвар ҳавои тағйирёбанда ва борони кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ кардаанд.
Тибқи иттилои Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон 9-уми ноябр дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво 3-4 дараҷа поин меравад: “Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво шабона 3-8, рӯзона 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд ҳаво шабона 0-5, рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад”.
Обуҳавошиносон мегӯянд, дар пойтахт ҳавои бебориш дар назар буда, шабона 1-3 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм хоҳад шуд: “Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи камбориш дар назар дошта шуда, дар баландии беш аз 1000 метр эҳтимоли боридани барф вуҷуд дорад. Дар ғарби ВМКБ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 12-17 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят шабона 11-16 дараҷа хунуку рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад”.