Садамаи маргбори ронандаи тоҷик дар Қирғизистон
Мошини боркаши “ДАФ”, ки таҳти идораи Қаҳор Абдураҳмонов, шаҳрванди 53-солаи Тоҷикистон қарор доштааст, шаби гузашта ба дар шоҳроҳи Ош-Бишкек ба санги канори роҳ бархӯрдааст.
Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон садама шаби 8-уми ноябр тақрибан соати 22:40 дақиқа дар километри 231-ум дар ноҳияи Токтогули вилояти Ҷалолобод рух додааст: “Ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Ду мусофири дигар, ки якеаш фарзанди ронанда будааст, дар беморхонаи ноҳиявии Токтогул бистарӣ шудаанд.