Пирӯзии Трамп ва даъвати Обама аз мардуми Амрико
Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентии Амрико бо гирифтани беш аз 270 овоз пирӯз шудааст.
Тибқи иттилои расонаҳои Амрико, Ҳиллари Клинтон, номзади демократҳо мағлубияташро эътироф карда, аллакай рақибашро бо пирӯзӣ табрик намудааст.
Трамп, тоҷири 70-солаи амрикоӣ, ки қаблан дар ниҳодҳои давлатӣ кор накардааст, президенти 45-уми Амрико шуд.
Барак Обама, раисҷумҳури феълии Амрико дар як пайёми видеоӣ аз мардуми Амрико хостааст, ки пас аз интихоботи “хастакунанда ва гоҳ аҷиб” якдигарро на ба чашми демократ ё ҷумҳурихоҳ, балки ба чашми ҳамватан нигоҳ кунанд. Ӯ гуфтааст, ки новобаста аз он, ки номзади мавриди назари шумо баранда шавад ё на “фардо офтоб дубора метобад ва Амрико ҳамчунон бартарин кишвари ҷаҳон хоҳад буд”.
Натиҷаҳо
Қаблан, коршиносон дар пайи назарсанҷиҳо ҳадс зада буданд, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Ҳиллари Клинтон пирӯз мешавад.