Озода Раҳмон: Таҳқиру туҳмат дар ҳаққи Пешво ҷавобгарии ҷиноӣ дорад
Озода Раҳмон, узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон имрӯз, 8-уми ноябр дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат”-ро муаррифӣ карда, изҳор дошт, ки он ба Қонуни асосӣ мухолифат надорад.
Тибқи иттилои хабарнигори “Озодагон” Озода Раҳмон дар ҷаласа гуфт, қонуни конститутсионии мазкур ҳуқуқ ва ваколатҳои Пешвои Миллатро таъмин мекунад: “Аз аъзои Маҷлиси Миллӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонунро қабул кунанд”.
Инчунин Озода Раҳмон тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро муаррифӣ карда, изҳор дошт, ки бар асоси ин тағйирот барои таҳқири оммавӣ ва туҳмат дар ҳаққи Пешвои Миллат ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
Тибқи тағйироте, ки палатаи болоии парлумони Тоҷикистон қабул кард, барои таҳқири Пешвои Миллат то 5 соли зиндон пешбинӣ шудаст. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки барои таҳқири Пешвои Миллат, аз ҷумла тариқи интернет ё расонаҳо, ҷазо дар шакли ҷарима то 500 нишондиҳанда ё 5 соли зиндон татбиқ хоҳад шуд.