Тоҷикистон дар ҷойи 100-и шохиси шукуфоӣ
Пажуҳишгоҳи Легатум дар гузориши солонаи “Шохиси шукуфоӣ 2016”-и худ Тоҷикистонро миёни 149 кишвари ҷаҳон дар мақоми 100 ҷой додааст.
Тоҷикистон, ки соле қабл зинаи 91-и раддабандии ин маркази таҳлилии Бритониёро ишғол мекард, имсол мавқеашро 9 зина аз даст додааст. Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисод ҷойи 103, фазои тиҷорӣ-83, таҳсилот - 56, тандурустӣ – 67, озодии шахс -130, амният – 47, муҳити табиӣ – 127, мудирият – 126 ва сармояи шахсӣ мақоми 81-ро соҳиб шудааст.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ натиҷаи беҳтарро Қирғизистон соҳиб аст. Ин кишвар дар мақоми 77 нишастааст. Қазоқистон ҷойи 82-ро муаррифӣ мекунад. Аммо Узбакистон ва Туркманистон дар ин раддабандӣ шомил нашудаанд.
Дар садри раддабандӣ Зеландияи Нав, Норвегия ва Финландия қарор дошта, Шветсария, Канада, Австралия, Нидерландия, Швется, Дания ва Бритониёи Кабир ҳам шомили даҳгонаи беҳтарин шудаанд.
Пажуҳишгоҳи Легатум аз соли 2009 ба ин сӯ шохиси солонаи шукуфоии кишварҳои дунёро нашр мекунад ва он аз рӯи омори иқтисодӣ, маориф, тандурустӣ, озодии шахс, амният, имкониятҳои соҳибкорӣ, мудирият ва сармояҳои иҷтимоӣ натиҷагирӣ мешавад.