АКС: Тундбод дар Кӯлоб парчамро дарида, тахтасангҳоро шикастааст
Тундбоди шаби гузашта матои парчами давлатиро дар шаҳри Кӯлоб, пояи баландияш 52,5 метр аст, даронда, бархе тахтасангҳои сутунҳои назди парчамро шикастааст. Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, субҳ чанде аз тамизкорони шаҳр ба тоза кардани шикастапораҳо машғул буданд.
Маҷмааи Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон 5 октябр бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ ёфта буд. Он замон дафтари матбуоти раисиҷумҳур хабар дод, нишони давлатӣ дар пояи баландияш 27,7 метр насб шуда, аз ин андоза 5 метр таҳкурсии мармарпӯш мебошад: “Фармоишгар ва маблағгузори иншоот Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб мебошад. Пояи асосӣ ва таҳкурсию сутунҳои даромадгоҳи майдони Нишони давлатӣ аз ҷониби ҶДММ "Фаридун" сохта шудааст”.
Ба иттилои манбаъ, пояи парчам бошад, 52,5 метр буда, бо фармоиш ва маблағгузории ҶСК "Ориёнбонк" бунёд гардид: “Он аз матоъи андозаи 14 ба 7 метр омода ва дар пояи аз металли махсус сохташуда насб гардидааст”.
Дафтари матбуоти Президент гуфта буд, пояи асосии парчам дар назди панҷ сутуни мармарини бузург ҷойгир аст, ки шакли меъмории қадимиро таҷассум менамоянд: “Таҳкурсии пояи Парчами миллӣ низ рӯйпуш бо мармар буда 2 метр баландӣ дорад ва дар шакли ду чоркунҷаи руйи ҳам бунёд шудааст. Аз ду канори даромадгоҳи асосии майдони Парчами давлатӣ бо намои санъати волои меъморӣ ду муҷассамаи шерони болдор қомат афрохтааст, ки рамзи шоҳони Хатлонзаминро таҷассум менамоянд. Баландии муҷассамаҳои шерони болдор бо таҳсутунҳо 3 метрро ташкил медиҳанд. Муҷассамаҳои шерони болдор аз ҷониби Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Аъзои иттифоқи рассомон Шамсиддин Одинамадов эҷод ва бо маҳорати хоса оро дода шудааст”.
Он замон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои сохтмонии он изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулинро барои пайваста дар ҳолати ободу зебо нигоҳ доштани ин макони тозабунёд вазифадор намуда буд. Аксҳо аз маросими ифтитоҳи Маҷмааи Парчам ва Нишон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон